ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҳолат боридани барфи кӯтоҳмуддат дар назар аст.
“Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа сард, рӯзона 0-5 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят шабона 15-20 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад”, - омадааст дар иттилоия.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар водиҳо асосан ҳавои бебориш дар назар аст. Дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ боришоти ками борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм ва дар доманакӯҳҳо шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.