Ожонс идораҳои фасодзадаро ном бурд

© Sputnik / Алексей Бойцов / Гузариш ба медиабонкДенежные купюры, архивное фото
Денежные купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон иттилоъ дод, ки соли гузашта 2047 ҷинояти коррупсионӣ ва алоқаманд ба онро ошкор кардааст

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ин ниҳод,  аз ҷиноятҳои ошкоршуда, 598 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла 553 ҷинояти қаллобӣ, 20 ҷинояти саркашӣ аз супоридану пардохти андозҳо, 119 ҷинояти вобаста ба гирифтану додани пора шомил мебошанд.

Бештари душанбегиҳо Эмомали Раҳмонро бонуфузтарин шахс меҳисобанд - Sputnik Тоҷикистон
Баҳои Forbes ба андоз, фасод, ҳифзи сармоягузор ва шароити соҳибкорӣ дар Тоҷикистон

Ожонс маблағи умумии зарар аз ҷиноятҳои ошкоргардидаро 442,0 миллион сомонӣ арзёбӣ кард, ки 225,4 миллиони он барқарор шудааст.

“Аз ҷумла ба давлат 84,0 миллион сомонӣ, ба корхонаю ташкилотҳо 166,2 миллион сомонӣ ва ба шаҳрвандон 5,2 млн. сомонӣ барқарор гардида, барои рӯёнидани маблағи зарари боқимонда чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст”, - омадааст дар иттилоия.

Ожонс таъкид кардааст, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаҳои маориф ва илм 96, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 108, нақлиёт 38, кишоварзӣ 21, энергетика ва захираҳои об 1, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 39, саноат ва технологияҳои нав 7, молия 7, инчунин дар сохторҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 88, Кумитаи ҳифзи муҳити зист 4, Кумитаи телевизион ва радио 3, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон 18, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ 5, Кумитаи ҷавонон ва варзиш 2, Агентии стандартизатсия, сертификатсия, метрология ва нозироти савдо 6, ҷамъиятҳои саҳомӣ 255, соҳибкорони инфиродӣ 435, соҳаи бонкӣ 305 ва дар дигар идораву корхонаҳо 225 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Ин ниҳод илова намудааст, ки инчунин аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 232 ҷиноят содир гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0