ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Вазири умури хориҷӣ гуфт, дар маҳбасҳои Ироқ 43 зани тоҷикистонӣ ва 92 кӯдак қарор доранд ва барои баргардондани 75 кӯдак аллакай розигии модаронашонро дар даст доранд. Ӯ афзуд, дар миёни кӯдакон 31 нафарашон то 3-сола ҳастанд.
Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки бо ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар маҳбасҳои Ироқ дар тамосанд, вале баргардондани онҳо расмиёти зиёд дорад ва фурсат металабад. Вазир аз ҷумла иттилоъ дод, ки барои баргардондани ҳар шаҳрвандон бояд қарори додгоҳи Ироқ содир шавад ва ин кори осон нест, чун бархе аз занони тоҷикистонӣ дар Ироқ ба ҳабси абад ва ҳатто қатл маҳкум шудаанд.
Ӯ илова намуд, ки барои ҳар шаҳрванд бояд 2,5 ҳазор долларӣ ҷарима пардохт гардад ва мақомоти Тоҷикистон дар пайи гуфтушунид ҳаҷми ҷаримаро то 400 доллар поин оварданд. Вазир таъкид намуд, ки маблағро пайдо кардаанд, аммо масъалаи асосӣ розигии модарон аст, чун падарон аксаран кушта шудаанд.
Сироҷиддин Муҳриддин бо зикри пешрафтҳо барои баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ироқ иттилоъ дод, ки бо ҷониби Сурия низ ҳамкориро дар ин самт шуруъ мекунанд. Ӯ гуфт, Тоҷикистон талош мекунад, шаҳрвандонашро аз ин кишварҳо, пеш аз ҳама кӯдаконро баргардонад.
Талош барои баргардондани собиқ ҷангиёни созмони террористии "ДОИШ" дар ҳолест, ки охири соли гузашта Мансур Умаров, муовини пешини раиси КДАМ дар парлумон омори дақиқи тоҷикистониён дар ДОИШ, синну сол ва вилояту навоҳии баромадашонро эълон карда буд. Ба иттилои ӯ, то сентябри соли 2018 шумораи умумии ҷангиёни ба ном “Давлати исломӣ” аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 1899 нафарро ташкил медиҳад.
“Тибқи таҳлилҳо, аз теъдоди умумии аъзои гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ 424 нафарро шаҳрвандони аз 35 то 40-сола, 367 нафарро аз 30 то 35-сола, 917 нафарро аз 25 то 30-сола, 696 нафарро аз 20 то 25-сола ва 39 нафарро аз 17 то 20-сола ташкил медиҳанд”, - гуфт ӯ.
Ба иттилои Умаров миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шомили ин ташкилоти террористӣ шудаанд, аз шаҳри Душанбе - 239 нафар, минтақаи Бохтари вилояти Хатлон-253 нафар, аз ҷумла, ноҳияи Кушониён - 67, Қубодиён-74, Шаҳритуз -76, Ҷ.Балхӣ - 36 нафар, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон -136 нафар, аз ҷумла, шаҳри Кӯлоб - 99, ноҳияи Фархор - 37 нафар, вилояти Суғд - 264 нафар, аз ҷумла, шаҳри Исфара - 111, Истаравшан - 84, Бӯстон -12 ноҳияи Спитамен - 35, Конибодом - 22 нафар ва аз ВМКБ, ноҳияи Ванҷ - 37 нафар, аз НТМ - 328 нафар, аз ҷумла, шаҳри Ваҳдат -128, Турсунзода - 39 нафар, ноҳияи Рӯдакӣ -107 ва Шаҳринав - 54 нафар мебошанд.