ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дар Кобул омӯзгори донишгоҳ донишҷӯёнро ба сафи гуруҳи террористи ДОИШ даъват мекардааст, бо истинод ба дафтари матбуотии мудирияти амнияти миллии Афғонистон иттилоъ додааст РИА Новости.
Айни ҳол кормандони ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон профессор ва 16 шогирди даъватшудаи ӯро дастгир намудаанд.
“Хадамоти махсуси мудирияти амнияти миллии Афғонистон оид ба дастгир намудани даъваткунандагон ба сафи гурурҳи террористии ДОИШ амалиёт баргузор намудааст. Дар натиҷа маълум гардидааст, ки имоми масҷиди Шайх Муҳаммади Руҳонӣ ва профессори донишгоҳи Абуабдулло Мутаввакил ҷавонон ва донишҷӯёнро ба сафҳои гуруҳи ДОИШ даъват мекардааст”, - тасдиқ кардаанд масъулини ин ниҳод.
Бояд қайд кард, ки моҳҳои охир вазъият дар Афғонистон то рафт бад шудаистодааст.