Субҳонзода: барои парвозҳо миёни Тоҷикистону Эрон ҳеч мушкиле нест

CC0 / Pixabay / В салоне самолета, архивное фото
В салоне самолета, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Икром Субҳонзода, раиси Ожонси ҳавонавардии граждании Тоҷикистон мегӯяд, ҳеч монеае барои парвози ширкати эронии “Осмон эйр” ба Тоҷикистон нест

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Субҳонзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, Тоҷикистон бо 23 кишвар, аз ҷумла бо Эрон дар бораи парвозҳо созишнома дорад ва бо ҳеч яки онҳо мушкиле надорад.

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Эрон Муртазо Сармадӣ - Sputnik Тоҷикистон
Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар Душанбе

Ӯ таъкид намуд, ки бо Эрон дар мавриди парвозҳо созишномаҳо баста шудаанд ва далели қатъи парвозҳо аз ҷониби ширкати ҳавоии ин кишвар шояд ба фаъолияти хоҷагидорию молиявии он рабт дорад.

Ӯ иттилоъ дод, ки ахиран тариқи роҳҳои дипломатӣ-Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Ожонси авиатсияи гражданӣ мактуб дар мавриди ширкате ворид гардид, ки аз ҷониби мақомоти Эрон ҳамчун интиқолдиҳандаи бору бағоҷ миёни ду кишвар таъин шудааст.

Раиси Ожонс аз ширкат ном набурд, аммо таъкид кард, ки он бар асоси Кодекси авиатсияи гражданӣ омӯхта мешавад ва дар сурати ҷавобгӯй будан ба талабот аз ҷониби Тоҷикистон ҳеч монеа нахоҳад буд.

 Ӯ илова намуд, ки аз ҷониби Тоҷикистон низ ширкати “Тоҷик Эйр” баъди беҳбуди вазъ парвозҳо дар масири Душанбе – Теҳрон ва Душанбе – Машҳадро аз сар хоҳад гирифт.

Феълан миёни Тоҷикистон ва Эрон парвозҳо сурат нагирифта истодаанд ва шаҳрвандони ду кишвар аз кишварҳои сеюм барои сафар ба қаламрави ҳамдигар истифода мебаранд.

Лентаи хабарҳо
0