Роҳи Хоруғ – Ишкошим кушода шуд

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузариш ба медиабонкДорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳи Хоруғ – Ишкошим, ки бар асари фаромадани ҳудуди 20 тарма банд шуда буд, дубора кушода гардид

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Роҳсозони идораи “Бадахшонроҳ” давоми се рӯз тармаҳоро пок ва ҳаракати мошинҳои гуногунтамғаро дар масири Хоруғ - Ишкошим дубора барқарор кардаанд.

Снегопад затруднил движение на трассе Душанбе-Чанок - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ: роҳи Хоруғ-Ишкошим то ҳол баста аст

Асрор Мирзонаботов, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Ишкошим иттилоъ додааст, ки ғафсии барф дар кӯҳдоманҳо то якуним метр расида, бо каме гарм шудани ҳаво шумораи тармафароӣ афзоиш ёфт.

“Ҳанӯз ҳам фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест. Аз  ин рӯ  се техникаи пуриқтидор дар ин мавзеъ қарор доранд”, - иттилоъ додааст “Ховар” аз қавли Мирзонаботов.

Манбаъ афзуд, ки тармафароӣ ба сокинони деҳаи Андарби ноҳия низ хисороти моддӣ расонида, як манзилро вайрон кардааст.

“Хушбахтона, соҳибони хонаро наҷот доданд, аммо 20 сар чорвои калону майда зери тарма монданд. Зиёда аз 50 дарахти сояафкану мевадор ҳам нобуд шуданд. Сокинони куҳансоли деҳа мегӯянд, ки дар 80 соли охир чунин боришоту тармафароиро мушоҳида накардаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Лентаи хабарҳо
0