ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Комрон Раҷабиён, коршиноси ҷавони Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта дар қароргоҳи Созмони ҷаҳонии бозаргонӣ (СҶБ) дар Женева ҳамчун ширкаткунандаи нави Барномаи коршиносони ҷавони СҶБ муаррифӣ шуд, иттилоъ додааст хабагузории ТоҷикТА.
Робердо Азеведо, мудири кулли СҶБ аз 15 коршиноси ҷавон, ки аз миёни 1500 номзади сартосари ҷаҳон интихоб шуданд, истиқбол кард.
Ширкаткунандагони Барномаи коршиносони ҷавони ин созмон дар муддати як сол бо фаъолияти созмон ошно хоҳанд шуд.
Ин барнома аз соли 2016 фаъолият дорад ва ҳадафи он густариши донишу таҷрубаи коршиносони ҷавони кишварҳои рӯ ба рушд ва камрушд бобати масоили СҶБ мебошад. Барнома ба аъзое, ки то ба ҳол дар дабирхонаи СҶБ дар сатҳи ҳирфаӣ муаррифӣ нашуданд, таваҷҷӯҳи вижа медиҳад.