ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорат, соли 2018 нишондоди фавти кӯдакони синни то 1- сола 14,5 дар 1000 зиндатаваллудро ташкил дод. Ин нишондод соли 2017 ба 16,3 фавт баробар буд.
“Нишондоди фавти кӯдакони синни то 5- сола бошад, ба 18,2 дар 1000 зиндатаваллуд баробар гардид. Ин рақам соли 2017 ба 20,1 баробар буд”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, нишондоди фавти модарон дар соли 2018 ба 24,0 нисбат ба 100 000 зиндатаваллуд баробар гардид, ки нисбати соли соли 2017, ки ин рақам 24,9 буд, кам мебошад.
Вазорат фоизи истифодабарандагони маводи контрасептивӣ дар байни занони қобили таваллудро - 39,0% ва зоишҳои хонагиро - 3,7% арзёбӣ кардааст.
Ин ниҳод дар мавриди сабабҳои фавти модарон таъкид кард, ки бар асари бемориҳои ғайригениталӣ – 28,1%, преэклампсия – 24,0%, хунравии акушерӣ – 22,7%, уфунат – 21,1% ва бо сабабҳои номаълум - 4,1% сабт шудааст.