ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Барои давра ба давра беҳтар намудани фаъолияти милитсия, такмили сохтори он, мутобиқ намудани фаъолияти мақомот ба талаботи муосир машғулиятҳо баргузор мегарданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Зимни машғулият оид ба муқаррароти дар Стратегия ва Барнома дарҷ гардида, самтҳои асосии ислоҳот ва раванди амалишавии он маълумот дода, гуфта шуд, ки ибтикороти мазкур барои давра ба давра беҳтар намудани фаъолияти милитсия, такмили сохтори он, мутобиқ намудани фаъолияти мақомот ба талаботи муосир нигаронида шудааст.
Гузаронидани машғулияти мукаммали иловагӣ ҳамчун қутбнамои расидан ба ислоҳоти милитсияро ба кормандон фаҳмонидан аст.
Роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо мақсади такмил додани омодагии ҳайати шахсӣ ба ислоҳоти милитсия гузаронидани машғулиятҳои иловагиро ҷиҳати омӯзиши Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия муҳим меҳисобад. Зеро барои ҳар як корманд огоҳ будан аз муқаррароти санадҳои мазкур ба он боис мешавад, ки барои фаъолияти минбаъда дар сафи мақомот омодагӣ бинад.