Тасмими Тоҷикистон барои оғози парвозҳо ба Бритониё

© МИД РТПосол Таджикистана в Британии обсудил вопросы открытия авиасобщения между Лондоном и Душанбе
Посол Таджикистана в Британии обсудил вопросы открытия авиасобщения между Лондоном и Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Бритониё муовини Сарраёти хадамоти авиатсионӣ ва намояндаи Вазорати нақлиёти Британиё масъалаи оғози парвозҳоро ба ин кишвар баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ахиран Масуд Халифазода Сафири Тоҷикистон дар Бритониё  бо Тамара Гудвин,  муовини Сарраёти хадамоти авиатсионӣ ва Саманта Шеридан, роҳбари бахши ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати нақлиёти Британиё мулоқот намуд.

Маликаи Бритониё Едезаветаи II ва шавҳараш шоҳзода Филипп ҳамроҳи шоҳзодаи Абу-Даби шайх Муҳаммад бин Зайд ал-Нахайян дар Масҷиди шайхи Зейда  - Sputnik Тоҷикистон
Аз маликаи Бритониё то Мишел Обама ва Анҷелина Ҷолӣ бар сари худ ҳиҷоб андохтанд

Зимни мулоқот тарафҳо масоили вобаста ба соҳаи нақлиётро баррасӣ намуданд.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ тарафҳо мавзӯҳо вобаста ба имзо намудани Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Муттаҳидаи Шоҳигарии Британиёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ баррасӣ гардид.

Инчунин тарафҳо вобаста ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти авиатсияи гражданӣ, табодули назар карданд.

Ёдрас мешавем, ки пештар раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Бритониёи Кабир ва Ирланди Шимолӣ дар ҶТ Ҳю Стенли Филпотт мулоқот карда буд.

Дар ин дидор таъкид шуда буд, ки Дафтари рушди байналмилалии Бритониё тасмим гирифта дар татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе то соли 2025 саҳмгузорӣ кунад.

Лентаи хабарҳо
0