1 феврал дар саросари олам рӯзи байналмилалии ҳиҷоб ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн дар ҳоли ҳозир дар тамоми ҷаҳон маҳбубият пайдо кардааст.
Ҳиҷоб – як қисми либоси исломии занон мебошад.
Александр Василев, санъатшинос ва таърихшиноси муд қайд кардааст, ки аз рӯи равиши муд барои Соли нав рӯймолҳои мусалмонӣ талаботи зиёд доранд.
“Агар шумо дилхоҳ сомонаи мӯдро кушоед сараввал навишта шудааст, ки чӣ гуна дар Соли нав рӯймолро дар шакли муд ба бар кард. Ман инро 5 сол пеш гуфта будам, аммо ба ман гуфтанд, ки мо рӯймол ба бар намекунем. Бори дигар ба шумо мегӯям мепӯшед ва ҳатто бо хоҳишҳои калон...”, - гуфтааст Василев.
Рӯймолҳои занонаи мусалмонон аз дигар сарбандҳо бо ҳаҷми калони худ фарқ мекунанд, чунки зани мусалмон бояд бо ин рӯймол ҷойҳои лозимаашро аз чашми дигарон пинҳон кунад.
Чӣ тавр занҳои маъруфи дунё бар сари худ ҳиҷоб андохтанд дар гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон тамошо намоед.