Рассом озод аст: вазир фикрашро дар бораи тасвири бонуи урёни тоҷик ва ҳамҷинсгароӣ гуфт

© © из личного архива Давлатовой МарифатМарифат Давлатова
Марифат Давлатова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Ман комилан бо он мувофиқам, ки эҷодкор бояд озод бошад. Рассом метавонад мувофиқи тахайюли худаш расм пешниҳод кунад, дар озмунҳои ҷаҳонӣ иштирок кунад ва миллатеро муаррифӣ намояд. Вале аз нигоҳи мо ва менталитети мо вобаста аст, ки онро чигуна қабул мекунам"

ДУШАНБЕ, 8 фев. — Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода мавҷи интиқодҳоро нисбати тавсирҳои бадани урёни зани тоҷик "фикри шахсӣ" номид. Вазир гуфт, ки ин назарҳо ҳаргиз мавқеи давлатӣ набуданд.

Ёдрас мешавем, як намоишгоҳи рассоми ҷавони тоҷик Маърифат Давлатова моҳи августи соли гузашта дар Душанбе, ки дар он наққошиҳои тани урёни занон ба маъраз гузошта шуда буд, мавҷи интиқодҳои ҷомеаи Тоҷикистонро ба бор овард.

Бисёриҳои онро тақлид ба ғарб ва бегона барои тоҷикон хонда, таъкид намудаанд, ки ин раванд хилофи арзишҳои миллӣ ва динии тоҷикистониён мебошад.

Аммо ба гуфтаи вазири фарҳанг, эҷодкор бояд озод бошаду ҳуқуқ дорад, ки тахайюли худро пешниҳоди ом кунад. Аммо аз менталитети ҷамеа ва нигоҳи ҳар як фарди алоҳида вобаста аст, ки онро чигуна қабул мекунанд.

"Ман комилан бо он мувофиқам, ки рӯзноманигорон, қаламкашонам дар эҷод озод бошанд. Онҳо (рассомон - идора) метавонанд расмҳоро ба тариқе, ки мехоҳанд, пешниҳод кунанд, дар озмунҳои ҷаҳонӣ ширкат кунанд, миллатро муаррифӣ кунанд,  вале ин ба нигоҳи мо ва менталитети мо вобаста аст, ки онро чигуна қабул мекунем", - изҳор дошт вай.

Кадр из клипа Зере Асылбек Кыз - Sputnik Тоҷикистон
Синаро сипар карданд: чаро занон дар Осиёи Марказӣ бараҳнагиро нишони озодӣ медонанд?

"Одамоне, ки фикрашонро дар ин бора баён карданд, он аз нигоҳи шахсии онҳо буд, на мавқеи давлатӣ", - таъкид кард вазир.

Дар ҳамин ҳол, Орумбекзода ёдрас шуд, ки ба арзишҳои миллӣ низ бояд арҷ гузошт.

"Миллати тоҷик аз гузаштагон иқтисоди бой мерос нагирифтааст. Балки ҳамон одобу маърифату китоб буд, ки мо гирифтем. Барои ҳамин, фазо озод бошад ҳам, баъзе арзишҳое, ки дар Аврупо ба монанди ҳамҷинсгароӣ ҳаст, ки мо ҳеҷ гоҳ қабул намекунем. Урён нишондодани зани тоҷик барои мо калонсолон қобили қабул нест ва шояд ҷавонон, ки дар рӯҳияи дигар тарбия меёбад ба он асарҳо таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд", - гуфт дар анҷом ӯ.

Ёдрас мешавем, пештар донишманди тоҷик Абдулқодири Рустам аз наққошиҳо Маърифат Давлатова ҷонибдорӣ карда буд.

Донишманди тоҷик алайҳи интиқодҳои шадид аз наққошдухтари 25-сола дар шабакаҳои иҷтимоӣ, изҳор дошт, ки ин духтар ҷиноят ё хиёнате накарда, танҳо ҷуръат кардааст тани нимаурёни зани тоҷикро кашидаааст.

В Калаи Худжанд открылась выставка художников Согда  во дворце Худжанда открылась выставка - Sputnik Тоҷикистон
Тани урён дар осори Мавлоно, Саъдӣ, Ҷомӣ: ҷонибдории донишманди тоҷик аз наққошиҳои урён

Ӯ осори Саъдиву Ҷомӣ ва Мавлоно Румиро мисол оварда буд, ки аз тасвирҳои бепарда холӣ нестанд.

"Шумо, даъвогарони мусалмонии асил ва тоҷикияти тоза, "Маснавии маънавӣ"-ро, ки Қуръон ба паҳлавӣ (форсӣ) хондаанд, хондаед?!  Аз ин китоб достони хотуну канизаку харро ҳам хондаед, албатта! Чӣ қадар кайф кардаед, лаззат бурдаед, хандидед! Бо бароварду фуровард ба дигарон нақл ҳам кардаед? Ашъори ҳазлияи Шайх Саъдиро чӣ? Бале Саъдии муаллими ахлоқро? Аз Мулло Абдураҳмони Ҷомиро чӣ? Албатта, гурӯҳи бузурге аз шумо китоб хонданро сарфи беҳудаи умр мешуморед, вале онҳое ки ҳанӯз одати китобхониро гум накардаанд, метавонанд суроғ кунанду ин гуна ашъори бузургони дин ва адаби моро бихонанд.  Шояд каме чашмонашон ва хирадашон рушантар мешавад ва худашон таҳаммулгаротар мегарданд", — таъкид намуд адабиётшиноси тоҷик.

Лентаи хабарҳо
0