ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Донишманди тоҷик алайҳи интиқодҳои шадид аз наққошдухтари 25-сола дар шабакаҳои иҷтимоӣ, изҳор дошт, ки ин духтар ҷиноят ё хиёнате накарда, танҳо ҷуръат кардааст тани нимаурёни зани тоҷикро кашидаааст.
"Аз ин оғоз кунем, ки наққошӣ ҳунар аст ва дар ҳунари наққошӣ тасвири бадани зан ва бадани нимаурёну урёни зан яке аз мавзуъҳои асосист! Тақрибан ҳеч наққоши бузургро пайдо намекунед, ки бадани урён ва ё нимаурёни занро тасвир накарда бошад. Шоҳкориҳоеро, ки Ботичелли, Гойя, Рубенс, Модиляни, Галина Серебрякова ва садҳо нафари дигар бо бадани урёни зан офаридаанд, бибинед", — изҳор доштааст Абдуқодир Рустам дар саҳифаи фейсбукии худ.
Ба гуфтаи ӯ бештарини далелҳои мухолифини наққошдухтар ин аст, ки ғарбиён чунин осор зиёд доранд, зеро онҳо аз дин бехабаранд, аз роҳи рост мунҳариф шудаанд, аммо мо ки тоҷику мусалмон ҳастем, бояд аз чунин зуҳурот пешгирӣ кунем.
"Шумо, даъвогарони мусалмонии асил ва тоҷикияти тоза, "Маснавии маънавӣ"-ро, ки Қуръон ба паҳлавӣ (форсӣ) хондаанд, хондаед?! Аз ин китоб достони хотуну канизаку харро ҳам хондаед, албатта! Чӣ қадар кайф кардаед, лаззат бурдаед, хандидед! Бо бароварду фуровард ба дигарон нақл ҳам кардаед? Ашъори ҳазлияи Шайх Саъдиро чӣ? Бале Саъдии муаллими ахлоқро? Аз Мулло Абдураҳмони Ҷомиро чӣ? Албатта, гурӯҳи бузурге аз шумо китоб хонданро сарфи беҳудаи умр мешуморед, вале онҳое ки ҳанӯз одати китобхониро гум накардаанд, метавонанд суроғ кунанду ин гуна ашъори бузургони дин ва адаби моро бихонанд. Шояд каме чашмонашон ва хирадашон рушантар мешавад ва худашон таҳаммулгаротар мегарданд", — таъкид намудааст адабиётшиноси тоҷик.
Ӯ афзудааст, ки осори ҳунарӣ зотан чунин аст, ҳунар аз фарди мушаххасе сухан намегӯяд, балки тип месозад, образ меофаринад.
"Ҳунар, ки ба қавли Ҳегел "дар қуллаи баландии руҳ" офарида мешавад, ба ҳамин далел низ барои ҳамагон нест, барои хосон аст, барои касонест, ки онро мефаҳманд, дарк мекунанд", — изҳори боварӣ намудааст Абдуқодир Рустам.
"Ҳамин тавр, шумо низ метавонед, ба ин наққошиҳо нанигаред. Вақте намебинедаш бароятон на ин тоблуҳо вуҷуд доранд ва на офарандаашон Маърифат Давлатова", — пешниҳод кардааст донишманди тоҷик.
Наққошиҳои занҳои нимаурён, ки Маърифат Давлатоваи 25-сола тасвир карда дар Душанбе ба намоиш гузоштааст, боиси баҳсҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон гардиданд. Бисёриҳои онро тақлид ба ғарб ва бегона барои тоҷикон хонда, таъкид намудаанд, ки ин раванд хилофи арзишҳои миллӣ ва динии тоҷикистониён мебошад.