Додгоҳи олӣ сабаби 4 баробар кам кардани муҳлати ҷазои Эшони Қиёмиддинро гуфт

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳлати ҳабси Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, ки аз муассисони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ гуфта мешавад, 18 сол кам кардааст

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон, коллегияи судӣ аризаи Сайид Қиёмиддини Ғозиро баррасӣ карда, муҳлати ҷазояшро ба ҷои 25 соли қаблӣ  7 соли зиндон таъин кард.

Сайфулло Сафаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сафаров: аъзои фирории ҲНИТ хатаре барои Тоҷикистон надоранд

Манбаъ дар шарҳи қарори мазкур гуфтааст, он ба пушаймонӣ ва мусоидати Қиёмиддини Ғозӣ дар фош кардани ҷиноятҳои вазнин ва шахсони ба онҳо алоқаманд рабт дорад.

“Қарори мазкур бинобар сидқан пушаймон шудани Сайид Қиёмиддини Ғозӣ аз кирдорҳои содирнамудаи худ, мусоидат дар ошкор сохтани як қатор ҷиноятҳои вазнин ва фош кардани ашхоси ба ин ҷиноятҳо алоқаманд қабул гардида, ҳукми суди шаҳри Душанбе дар қисми таъини ҷазо тағйир дода шуд”, - омадааст дар иттилоияи Додгоҳи олӣ.

Дар иттилоия зикр шудааст, ки Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, бо тахаллуси “Эшони Қиёмиддин”, соли таваллудаш 1952, зодаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, яке аз муассисони ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад. Манбаъ афзуд, Ғозӣ бо ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе аз 15 майи соли 2018 барои содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳои дорои характери ифротгароӣ гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0