Сафаров: аъзои фирории ҲНИТ хатаре барои Тоҷикистон надоранд

© Sputnik / Амир ИсаевСайфулло Сафаров, архивное фото
Сайфулло Сафаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фаъолони Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар хориҷа паноҳанда шудаанд, ҳеч хатаре барои Тоҷикистон надоранд, гуфт муовини аввали мудири Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии Раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Пас аз манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар соли 2015 ҳеч шаҳрванди Тоҷикистон ба созмонҳои теруристӣ напайвастааст, гуфт Сайфулло Сафаров дар нишасти хабарӣ.

“Бархе аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар хориҷа паноҳанда шудаанд, акнун дигар ҳеч хатаре барои Тоҷикистон надоранд, ҳарчанд порсол чунин хатаре доштанд”, — гуфт муовини аввали мудири МПР.

Саидмукаррам Абдукодирзода с муфтием Стамбула - Sputnik Тоҷикистон
Муфтӣ аз Анқара хост, наҳзатиҳоро аз Туркия ихроҷ кунад

“Агар фаъолони ҲНИТ дар Урупо бо дигар гурӯҳҳо, ба мисли ҷунбиши “Ватандор” ва “Гурӯҳи 24” ҳамроҳ мешуданд, ин хатар вуҷуд медошт. Аммо фаъолони “Гурӯҳи 24” ва Додоҷон Атовуллоев аз ҳамкорӣ бо ҲНИТ даст кашиданд”, — тавзеҳ дод Сафаров.

Вай ҳамчунин дар бораи ҷамъ шудани ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон гуфт, ҷангӯён дар он сӯи Ому ҳеч хатаре барои Душанбе надоранд. “Марзи Тоҷикистон хеле таҳким ёфтааст. Русия барои таҳкими марз бо Афғонистогн ёрӣ кард”, — афзуд Сафаров.

Лентаи хабарҳо
0