Даргузашти Алидод Чароғабдол, китобдори шинохта

© Sputnik / Александр Полегенько / Гузариш ба медиабонкМусульманин в мечети, архивное фото
Мусульманин в мечети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон имрӯз аз даргузашти Алидод Чароғабдол, адиб ва мудири китобхонаи вилоятии ВМКБ изҳори андуҳ кардаанд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо нашри як паёми тасаллият ба кулли кормандони шуъбаи фарҳанг ва Китобхонаи вилоятии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хоруғ бинобар даргузашти бармаҳали мудири китобхонаи мазкур Алидод Чароғабдол изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Сайри китоб": дар Тоҷикистон ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон оғоз шуд

Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо нашри паёми ҳамдардии раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳайати таҳрири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, маҷаллаҳои “Садои Шарқ” ва “Памир”  ба пайвандону наздикон Алидод Чароғабдол тасаллият гуфтааст.

“Даргузашти дардноки шоир Алидод Чароғабдоли ҷавонмард, дӯсти абадии ману тамоми аҳли адаб, корманди бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҷигарамро пора кард. Роҳи охиратат чун замину осмони зимистонии Бадахшон сафед бод, бародари ба ҷон баробарамон”, - изҳор доштааст Ато Мирхоҷа дар сафҳаи фейсбукияш.

Алидод Чароғабдол, омӯзгор, адиб ва китобдор буд, ки бо ҷоизаҳои давлатӣ, аз ҷумла медали “Хидмати шоиста” қадрдонӣ гардидааст.  

Лентаи хабарҳо
0