ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Аз 15 апрел то 15 — уми майи соли 2018 дар саросари ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" таҳти унвони "Сайри китоб" баргузор мегардад, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати фарҳанг.
Ҷашнвора аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва Муассисаи давлатии "Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар" дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм, Кумитаи телевизион ва радио, Иттифоқи нависандагон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Ҳадафи аслии ҷашнвора, ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон мебошад.
Дар чорчӯби барномаҳои ҷашнвора намоишгоҳҳо, суҳбатҳо, маҳфилҳои адабӣ, мизҳои мудаввар ва озмунҳои гуногун аз қабили "Хонандаи фаъол", "Китобдори беҳтарин", "Беҳтарин дастранҷи кӯдакона", "Сайёҳони наврас", "Саёҳат бо китоб", "Сайри олами китоб", маҳфилҳои "Оилаи китобдӯст", "Синфи китобдӯст", "Оилаи ҳунармандон", "Дастони моҳир»", "Дастони тиллоӣ" гузаронида мешаванд.
Гуфта мешавад, ки созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъол, китобдорон, адибону олимон, омӯзгорон, хонандагон, кормандони васоити ахбори омма, муассисаву ташкилотҳо, шахсони алоҳида аз ҷониби Кумитаи тадорукотӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мукофотҳои пулӣ, тӯҳфаҳо, инчунин бо ифтихорномаҳо ва нишонҳои сарисинагии "Аълочии фарҳанг", "Аълочии маориф ва илм" қадрдонӣ карда мешаванд.