Ширкатҳои сохтусоз дар Душанбе барои як метр сохтмон то 23,3 доллар пардохт мекунанд

© SputnikСтроительство нового дома в Душанбе
Строительство нового дома в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қабл аз тағйири ин қонун, ширкатҳои сохтусоз дар Тоҷикистон чунин пардохтҳо анҷом намедоданд

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Ширкатҳои сохтусоз акнун барои дарёфти иҷозаи сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва фурӯшгоҳҳо дар Душанбе барои як метри мураббаъ аз 165 то 220 сомонӣ (23,3 доллар) пардохт хоҳанд кард, иттилоъ додааст ТоҷикТА.

Башенный кран. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи раиси “Союз сохтмон” барои фиреби сокинони Душанбе

Қонуни “Дар бораи пардохтҳои дигар ба будҷа”, ки ҳукумати Тоҷикистон ислоҳи онро пешниҳод кард, аз сӯи намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлисли Олии Тоҷикистон пуштибонӣ дарёфт кард.

Қабл аз тағйири ин қонун, ширкатҳои сохтусоз чунин пардохтро анҷом намедоданд.

Вазорати молияи Тоҷикистон дар шаҳрдориҳои кишвар барои дарёфти ин пардохтҳо суратҳисоби вижа боз хоҳад кард.

Муассисаҳои буҷавие, ки сохтмонҳои иҷтимоӣ, саноатӣ ва зерсохтҳои гардишгарӣ месозанд, аз ин гуна пардохт озод ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, намояндагони ин соҳаро бо Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ, ки 1 октябр таҷлил мешавад, шодбош гуфта ба онҳо чунин хитоб намуда буд: “Аз нақшаи офаридаи меъмор, аз донишу малакаи ӯ, аз тахайюл ва ҷасорати ӯ зебогӣ, устуворӣ, сифат, пойдорӣ ва ҳузуру ҳаловати бино ва ё иншооти оянда вобастагӣ дорад. Танҳо доштани ҷаҳонбинии васеъ, дониши мукаммал ва замонавӣ, маҳорати кордониву ҳалли муаммоҳо, истеъдоди бузурги нақшакашӣ ва амсоли инҳо метавонанд меъморро дар офаридани нақшаи мондагор ҳидоят намоянд”. 

Лентаи хабарҳо
0