ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Музаффар Юнусов, котиби матбуотии раиси вилоят дар маросими ҷоизасупорӣ ҳадафи озмуни мазкурро дастгирии рӯзноманигорон ва сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз дастоварду мушкилоти аҳамияти иҷтимоидошта гуфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, қабули мавод 1 то 20-уми октябри соли 2018 ба роҳ монда шуд.
Манбаъ афзуд, беш аз 60 рӯзноманигор дар масоили марбут ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, саноат, кишоварзӣ, муаррифии минтақаҳои сайёҳӣ ва анъанаву ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавод пешниҳод карданд.
Рӯзноманигор Қамари Аҳрор барои инъикоси мавзуъҳои ҳунармандӣ, Неъматулло Мирсаидов барои инъикоси масоили саноат ва Тилав Расулзода барои маводи муаррификунанда дар сатҳи байналмилалӣ тариқи расонаҳои интернетӣ ҷойи аввал ва аз 4 то 5 ҳазор сомонӣ ҷоиза гирифтаанд.
Ҳайати ҳакамон дар бахшҳои дигар Равзалӣ Амонов, Лола Раҷабова, Субҳиддин Қодиров, Илҳом Ҳошимов, Обидҷон Каримов, Эҳсон Муҳаммадиев, Ислом Бобоев, Мадина Узоқова, Мастона Муҳиддилозода, Ӯрунбой Усмонов, Ҷамшеди Маъруф, Афзал Босолиев, Маҳмуд Аҳмадов, Дилрабо Анорқулова, Муҳаббат Муродова, Маъмура Самадова ва дигаронро ғолиб донистааст.
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон 5 феврали соли 2019 дар толори Осоишгоҳи “Баҳористон” баргузор гардидааст.