Соли 2018 дар Бадахшон 6 ширкати сайёҳӣ ба фаъолият оғоз карданд

© Фото : Nazir AbbasВиды Ишкашима, архивное фото
Виды Ишкашима, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Яке аз дастовардҳои Бадахшон дар соҳаи сайёҳӣ ин дар озмуни Германия ба феҳристи сад мавзеи диданбоби ҷаҳон шомил гардидани кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ва шоҳроҳи Кӯлоб-Қалъаихум-Дарвоз- Хоруғ- Қулма мебошад

ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Аз 15 нафари шахсони воқеӣ, ки дар соли 2018   ҳуҷҷатҳои худро барои сабти ширкатҳои сайёҳӣ пешниҳод карданд танҳо 6 барнома ва оиннома пазируфта шуд, иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.

Пакистанский караван в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ғолибони озмуни “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” ва беҳтаринҳои соҳаи сайёҳӣ эълон мешаванд

Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангии Помир дар ҳамкорӣ бо бахшҳои давлатию хусусӣ дар деҳоти дурдасти ВМКБ меҳмонхонаҳои хурди мутобиқ ба шароити муосир бунёд хоҳад кард. Дар назди ин меҳмонхонаҳо дӯконҳои маҳсулоти ҳунармандони маҳаллӣ низ кушода мешаванд.

Дар соли 2018, ки   Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида буд, тавассути фароҳам гардидани шароити мусоид барои инкишофи ин соҳаи муҳиму сердаромад шумораи довталабони ташкили ширкатҳои сайёҳӣ дар вилоят зиёд гардидааст.

Эмомали Рахмон провел заседение Совбеза страны  - Sputnik Тоҷикистон
Президент дар бораи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” фармон содир кард

Ба гуфтаи масъули Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангии Помир  Мирзо Мирзоев   «Сабти ном шудани боз 6 ширкати сайёҳӣ маънои онро дорад, ки соли равон боз даҳҳо нафар аз ҷавонони маҳаллӣ соҳиби шуғлҳои гуногун гардида, ҳам сатҳи зиндагии хонаводаи худро боло мебаранд ва ҳам буҷаи маҳаллиро ғанӣ месозанд. Ҳоло ассотсиатсияи мо 23 аъзо дорад. Бо фаъол гардидани ин ширкатҳо шумораи онҳо дар  вилоят ба 18 адад расид».

Инчунин як сокини ноҳияи Мурғоб бо аҳли хонаводааш дар маркази ноҳия дӯкони ҳунармандӣ

Туристы в Узбекистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Талоши мақомоти Суғд барои беҳтар намудани вазъи сайёҳӣ дар вилоят
кушодааст, ки дар он на танҳо маҳсули ҳунари дастони онҳо ба сайёҳон пешниҳод мешавад, балки дигар ҳунармандони ноҳия низ маҳсулоти худро барои фурӯш ба ин дӯкон месупоранд.

Бояд зикр кард, ки соли 2018 дар бахши сайёҳии вилоят рӯйдодҳои хотирмон ба амал омаданд. Яке аз ин дастовардҳо  дар  озмуни  сайёҳии  Германия ба феҳристи сад мавзеи диданбоби ҷаҳон шомил гардидани кӯҳҳои Помири Тоҷикистон  ва шоҳроҳи Кӯлоб –Қалъаихум-Дарвоз- Хоруғ- Қулма   мебошад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0