https://sputnik.tj/20190205/Kumakpulii-maomot-ba-oilaoi-kambizoat-baroi-dafn-1100-somon-budaast--1028180455.html
Кумакпулии мақомот ба оилаҳои камбизоат барои дафн 1100 сомонӣ будааст
Кумакпулии мақомот ба оилаҳои камбизоат барои дафн 1100 сомонӣ будааст
Sputnik Тоҷикистон
Сафаралӣ Наҷмуддинов раиси Ожонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон эълон намудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон тадбиқи ягонаи дастгирии иҷтимоии оилаҳои... 05.02.2019, Sputnik Тоҷикистон
2019-02-05T20:07+0500
2019-02-05T20:07+0500
2021-07-29T13:16+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102470/18/1024701804_0:270:5184:3186_1920x0_80_0_0_cd97595dc5999656e2e4288b809181b8.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2019
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102470/18/1024701804_288:0:4896:3456_1920x0_80_0_0_28f0a2baeed8db5747e0e838f9ffd08c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, маросими дафн ва видоъ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, маросими дафн ва видоъ
Кумакпулии мақомот ба оилаҳои камбизоат барои дафн 1100 сомонӣ будааст
20:07 05.02.2019 (Навсозишуда: 13:16 29.07.2021) Сафаралӣ Наҷмуддинов раиси Ожонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон эълон намудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон тадбиқи ягонаи дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоатро муайян карда, имрӯз дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди амал қарор додааст
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Сафаралӣ Наҷмуддинов раиси ожонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ таъкид намудааст, кир мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки дар вақти фавт ба ворисони оилаҳои камбизоат барои баргузории маросими дафн ҷубронпулӣ пардохт карда шавад.
Ба гуфтаи вай ин оилаҳо аз ҷониби комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо муайян карда мешаванд.
“Дар доираи ин мо аз ҳисоби буҷети суғуртаи иҷтимоии нафақа маблағгузорӣ мекунем. Дар амал ин 20 нишондиҳанда аст, яъне ба ворисони майит барои маросими дафн 1 ҳазору 100 сомонӣ дода мешавад”, — афзуд Наҷмуддинов.
Зимни нишасти матбуотӣ инчунин қайд карда шуд, ки соли 2018 ба 16 ҳазору 802 нафар оилаҳои камбизоат мувофиқи тартиби муқарраргардида 16 млн. 802,0 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ барои дафн пардохт карда шуд.