Маросими дафн дар Ванҷ бо кордкашӣ анҷом ёфт

© PixabayНож в руке
Нож в руке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як сокини 41-солаи ноҳияи Ванҷ муттаҳам ба қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба хешовандонаш мешавад

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки маросими хоксупорӣ дар ноҳияи Ванҷ бо кордкашӣ анҷом ёфт.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милиса ҳангоми бозҷӯӣ марди 41-солаи сокини деҳаи Ускроғи ноҳияи Ванҷро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд.

Гуфта мешавад, муттаҳам ҳангоми маросими дафни бародараш бо далели муноқишаи оилавӣ бо писарони амакаш, мардони 28 ва 25-сола ва апааш зани 54-сола ҷангу ҷанҷол карда, сипас, бо корд ба бадани онҳо якчанд маротиба задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдидаҳо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона бистарӣ шудаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0