IRS: роҳи Душанбе-Чаноқ барои ҳаракати нақлиёт боз шуд

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузариш ба медиабонкДорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳи Душанбе-Чаноқ ба сабаби бориши барф ва фаромадани тармаи зиёд, махсусан дар километри 47 то 81-уми баста шуда буд

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ширкати IRS  ҳаракати воситаҳои нақлиёт (ба ғайр аз нақлиёти ядакдор ва "Фура"- ҳо) аз тариқи роҳи Душанбе-Чаноқ, ки субҳи имрӯз дар асоси муқаррароти Фармоиши якҷояи ВУД ва вазорати нақлиёти кишвар муваққатан боздошта шуда буд, аз нав иҷозат дода шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳоло ҳаракати воситаҳои нақлиёт комилан озод аст.

Сход лавины на Пике Ленина - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори КҲФ дар бораи сардшавии ҳаво ва фаромадани тарма

Манбаъ таъкид намудааст, ки имрӯз аз ҷониби кормандони филиали Ширкат 56 тармаи хурду бузург бартараф гардид, ки 50 адади он ба минтақаи Варзоб ва 6- тоаш ба минтақаи Зарафшон рост меояд.   

Лозим ба ёдоварист, ки субҳи имрӯз бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва бениҳоят зиёд будани хавфи тармафароӣ дар асоси муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз километри 47 - уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ум ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шуда буд.

Бориши барф дар ин масир 8 октябри соли гузашта шурӯъ гардида, рӯз то рӯз шадидтар шуда истодааст.

Ёдрас мешавем, ки қаблан Агентии обуҳавосанҷӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳушдор дода буданд, ки моҳи феврали соли равон дар муқоиса ба соли гузашта нисбатан сербориш хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0