ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тибқи эълони IRS бинобар барфрезии шадиду беист зиёд будани хавфи тармафароӣ, дар асоси муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз километри 47 - уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ум ба ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шуд.
Ширкат зикр кардааст, ки қаблан Ожонси обуҳавосанҷӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҳушдор дода буданд, ки моҳи феврали соли равон дар муқоиса ба соли гузашта нисбатан сербориш хоҳад буд.
Дар робита ба ин аз шаҳрвандон давъат шудааст, ки ба масдудиятҳо бо ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ муносибат намоянд.
IRS ваъда додааст, ки тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод то дар наздиктарин фурсат монеаҳоро бартараф ва ҳаракати воситаҳои нақлиётро таъмин намояд.