ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон, махсусан рӯзҳои 4-5 феврал боришоти бошиддат сурат гирифта, ҳарорати ҳаво дар водиҳою доманакуҳҳо то 8-10 дараҷа поин мешавад. Дар шаҳри Душанбе низ 4-5 феврал барфу борон, дар баъзе ҳолатҳо бошиддат ва 6 феврал барф пешгӯӣ мешавад.
Манбаъ таъкид кардааст, ки 4-6 феврал дар қисмати ҷануби қаторкуҳҳои Ҳисор ва навоҳии ғарбии ВМКБ, аз ҷумла дар роҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб фаромадани тарма дар назар аст.
Ожонс тавсия додааст, дар қисматҳое, ки хатари лағзиши тарма вуҷуд дорад, фосила байни воситаҳои нақлиёт 500 метр риоя карда шавад.
Ин ҳушдор дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ тайи ҳафтаҳои охир дар натиҷаи фаромадани тарма дар Тоҷикистон 8 нафар ҷон доданд.