Як мақоми додситонӣ: саркӯби ошӯби зиндони Хуҷанд зарурӣ буд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкЗаключенные в исправительной колонии, архивное фото
Заключенные в исправительной колонии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯриши маргбор дар зиндони Хуҷанд шаби 7 ноябри соли гузаштаи 2018 рух дод ва даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузошт

ДУШАНБЕ, 04 фев - Sputnik. Як мақоми Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки пахш (саркӯб) - и ошӯб дар зиндони Хуҷанд зарурӣ буд вагарна қурбониёни ин ҳодиса зиёд мешуданд, менависад хабаргузории "Парс тудэй".

Бино бар иттилои манбаъ, Илҳом Назиров, намояндаи Додситонии кул ва корманди бахши вижаи назорат бар қонун дар зиндонҳои Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, иҷрои амалиёти пахши исён дар зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд зарурӣ буд ва агар ин амалиёт сурат намегирифт ва исёнгарон аз маҳбас хориҷ мешуданд, қурбониёни ҳодиса ба маротиб бештар мешуд.

"Ин масъули Додситонии кул гуфтааст, саркардаҳои ошӯб, ки дар зиндони Хуҷанд бо ҷурмҳои терроризм ва ифротгароӣ маҳкум шуда буданд, бераҳмона кормандони зиндонро ба қатл расонданд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Назиров баъзе омори мунташиршуда дар бораи шумораи кушташудаҳоро нодуруст дониста ва гуфтааст, дар ин ҳодиса на 50-60 нафар, балки 21 нафар ҷон бохтанд.

Пеш аз ин Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 28 –уми январ дар нишасти хабарӣ аз посух ба суолот дар бораи ошӯб дар зиндони шумораи 3-и Хуҷанд худдорӣ карда буд. ​

Зариф Ализода, омбудсмен (ваколатдори ҳуқуқи башар) –и Тоҷикистон рӯзи 31 январ дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, баъди исён ба зиндони Хуҷанд нарафтааст, чун мунтазири тамом шудани таҳқиқот аст.

Дар пайи ошӯб дар зиндони шумораи 3 –и шаҳри Хуҷанд Иззатуллоҳ Шарифзода, раиси идораи зиндонҳои Тоҷикистон рӯзи 23 ноябр, пас аз 12 соли фаъолият, ҳамчунин чанд масъули дигар аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Шӯриши маргбор дар зиндони Хуҷанд шаби 7 ноябри соли гузаштаи 2018 рух дод ва даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузошт.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ҷузъиёти комили ҳодисаро эълом накардаанд.

Лентаи хабарҳо
0