Сӯхтори бузург дар маркази Маскав – навори даҳшатнок

Обуна шудан
Дар бинои истиқоматӣ дар маркази шаҳри Маскав сӯхтор бузург сар зад

Дар сомонаҳои интернетӣ навори сӯхтори аз ҷои ҳодиса нашр шуд. Дар навор дида мешавад, ки тамоми манзили зист ба коми оташ гирифта шудааст ва кормандони оташнишонӣ аз берун ба оташхомӯшкунӣ машғул мебошанд.

Сӯхтор дар ҳудуди ҳазор метри квадратӣ дар гулгашти Никитский 12 сар задааст. Сипас намояндаи вазорати фавқулоддаи Русия хабар додааст, ки соати 5.09 сӯхтор комилан хомуш карда шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар сӯхтори мазкур чаҳор нафар ҷони худро аз даст доданд. Инчунин ду нафари дигар дар бемористон бистарӣ дар ҳолати вазбин қарор доранд.

Пожары в Греции - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати фоҷиабори кӯдаки 2 ва 4-солаи Замира ва Раҳимҷон дар пайи сӯхтор дар Бошқирдистон

Фарзияи сӯхтор дар маркази Маскав

Тибқи маълумоти пешакӣ  сӯхтори бузург дар бинои истиқоматӣ дар маркази шаҳри Маскав ба сабаби корношоям будани таҷҳизоти барқӣ сурат гирифтааст. Дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодиса озмоишгоҳи махсус кор мекунад, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

“Чанд фарзия мавриди таҳқиқ қарор дорад, вале ба назар мерасад, ки сӯхтор ба сабаби корношоям будани таҷҳизоти барқӣ сурат гирифтааст”, - таъкид намудааст манбаъ.

Дар ҳоли ҳозир, Кумитаи тафтишотии Русия барои сар задани сӯхтори мазкур парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Лентаи хабарҳо
0