Пул даст ба даст, мардум саргардон: шаҳрдорӣ хостори тағйирот дар хонахарию хонасозиҳо шуд

Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе барои ҷилавгирӣ аз фиреби сокинон, сохтмонҳои бесифат ва мушкилоти хидматрасонӣ дар оянда, ба қавонини марбут ба хонагирию хонасозиҳо дар пойтахт мехоҳад тағйирот ворид кунад

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Маҳмадсаид Зувайдзода, ноиби аввали раиси шаҳри Душанбе, зимни суҳбат дар мавриди биноҳои нотамом, ки боиси саргардонии шаҳрвандон шудаанд, изҳор дошт, ки қонунгузории соҳа ниёз ба такмилу тағйирот дорад.

Автомашина ГАИ Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори Зувайдзода: 1 моҳ муҳлат, вагарна нозирони БДА-ро аз Душанбе мебардорем

Ӯ гуфт, шаҳрвандон бо ширкатҳои сохтмонӣ созиш мекунанд ва маблағро даст ба даст медиҳанд, аммо баъди пайдо шудани мушкил ҳама ба шаҳрдорӣ муроҷиат мекунанд.

“Пешниҳод кардем, маблағҳо ҳама тариқи бонкҳо пардохта шаванд, то кафолат дода шавад. Пулро аз даст ба даст медиҳанд, ҳеч санаде нест, аммо дар охир маълум мешавад, ки ширкат муфлис шудааст”, - изҳор дошт муовини аввали Рустами Эмомалӣ зимни нишасти ахири матбуотӣ.

Ноиби аввали раиси Душанбе шарҳ дод, ки вақте аз сӯи Кумитаи меъморӣ тарҳи кӯчае таҳия мешавад, ширкатҳои сохтмонӣ мераванд бо сокинони он ҷо мувофиқа мекунанд ва баъди ин қарори раиси шаҳр содир мегардад.

Чайхана Рохат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Маҳмадсаид Зувайдзода: чойхонаи “Роҳат” ва Театри Лоҳутӣ тахриб намешаванд

“Вақте мо чизеро мепурсем, мегӯянд, ин ҳаққи мо аст ва мо бо соҳибкорон созишнома кардаем. Аммо вақте мушкилот оғоз мешаванд, ҳама баъд сӯи шаҳрдорӣ медаванд”, - гуфт Зувайдзода.

Ӯ таъкид намуд, ки тамоми ҷузъиёти дигар аз сифат то иҷозатномаҳо марбути Кумитаи сохтмон ва меъморӣ аст, чун сиёсати ин бахшро кумитаи мазкур пеш мебарад.

Ноиби аввали раиси Душанбе гуфт, қонунгузории марбут ба сифат ва меъёрҳои сохтмон бояд пурзӯр гарданду тамоми ҷузъиёт дар тарҳҳои сохтмон ба инобат гирифта шавад.

Ба гуфтаи Зувайдзода феълан барои сохтмони бесифат ё риоя накардани меъёрҳо ҳамагӣ 700 сомонӣ ҷарима аст ва ниёз ба бозбинӣ дорад. Ӯ зарур хонд, ки дар тарҳҳои биноҳои нави истиқоматӣ минталитети тоҷикӣ, аз серфарзандӣ то анъанаи тайёр кардани ғизо дар хона ба инобат гирифта шавад.

Башенный кран. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи раиси “Союз сохтмон” барои фиреби сокинони Душанбе

Ӯ ҳушдор дод, ки бидуни риояи тамоми нозукиҳо дар оянда мушкилоти гуногун - аз хадамоти лифт то партовҳо ва ғайра пайдо хоҳанд шуд.

“Лоиҳаҳои қаблӣ то 12-ошёна буданд, аммо ҳозир то 20-ошёнаро месозанд, ки на ҳама ҷузъиёташон ба назар гирифта мешавад. Мо пешниҳод кардем, ки меъёрҳои сохтмон бозбинӣ шаванд. Бисёр чизҳои аврупоиро гирифтаанд, аммо минталитети моро ба назар нагирифтаанд”, - илова кард муовини аввали раиси Душанбе. 

Ӯ афзуд, ин масоилро бо баргузории мулоқоту конфронсҳо бо ҷалби мутахассисон ва намояндагони қишрҳои гуногун баррасӣ хоҳанд кард.  

Дар мавриди биноҳое, ки бар асоси нақшаи генералӣ тахриб хоҳанд шуд, Зувайдзода гуфт, сокинонро ду сол қабл аз тахриб огоҳ мекунанд.

Строительство новых домов в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Порахӯрӣ дар Кумитаи сохтмон: иҷозатнома ба ширкате, ки на техника дошту на мутахассис

“Мо ду сол то тахриби биноҳо, сокинонро огоҳ мекунем, ки таъмир накунед, нафурӯшед ба қайд нагиред”, - илова намуд ӯ.

Ноиби аввали шаҳрдор дастур дод, ки масъулин тамоми минтақаҳоеро, ки бар асоси нақшаи кул дар се соли оянда тахрибу бозсозӣ мешаванд, тариқи интернет ба мардум пешниҳод кунанд.

Дар мавриди сохтмонҳои нотамоме, ки боиси саргардонии шаҳрвандон шудаанд, Зувайдзода гуфт, 27 чунин иншоот буд ва феълан 8 адади дигар мондааст. Ӯ гуфт, мушкилот дар биноҳои дигарро бо нерӯи шаҳрдорӣ ва ҷалби соҳибкорон ҳал карданд ва ният доранд, масоили марбут ба 8 бинои нотамоми дигарро то моҳи июни соли равон фасл намоянд.

Лентаи хабарҳо
0