Навори ҳунарнамоии пеш аз марги рэпсарои номӣ Детсл дар клуби шабона

Обуна шудан
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ҳунарнамоии рэпсарои рус Детсл пайдо шудааст, ки дар клуби шабонае дар Ижевск баргузор шуда буд

Дар навор дида мешавад, ки рэпсаро Кирилл Толмаский (Детсл) дар клуби шабона ҳунарнамоӣ мекунад. У суруди "Вечеринка у Децла"-ро иҷро мекунад.

Ҳамчунин дар навор дида мешвад, ки дар саҳна ҳаводоронаш рақс мекунанд ва бо ӯ ҳамсароӣ менамоянд.

"Чанд вақт инҷониб чунин рақс накарда будам", - менависад муаллифи навор.

Аз навор маълум аст ки саломатии ҳунарманд хуб аст, ӯ бо овози баланд суруд мехонад ва рақс мекунад.

Маҳз пас аз ҳамин ҳунарнамоӣ дар паси саҳна рэпсаро худро бад ҳис мекунад ва ба бемористон интиқол меёбад.

Ӯ шаби якшанбе вафот кард. Бино бар иттилои пешакӣ, ҳунарманд аз иллати қалб даргузаштааст. Детсл ҳамагӣ 35 сол дошт. Оиладор ва соҳиби як писари 13-сола буд.

 

Лентаи хабарҳо
0