Дӯст агар душман шавад...: рафиқ таҳдид ба куштан кард

CC BY 2.0 / Jo Naylor / bloody cutting boardНож в крови, архивное фото
Нож в крови, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавон таҳдид ба куштан карда, бо корд дасти рафиқашро тарошида, ба пойи чапаш корд задааст

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Ба Вазорати умури дохилаи Тоҷиктсон ҷавоне шикоят бурдааст, ки рафақаш ӯро корд зада, таҳдид ба куштан кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Восеъ муроҷиат намудааст.

Ба гуфтаи вай,  2-юми феврали соли 2019, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви пойтахт рафиқаш, ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Восеъ, муваққатан сокини шаҳри Душанбе ӯро таҳдиди куштан намуда, бо корд дасташро харошида, ба пойи чапи ӯ як маротиба зада, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

Кормандони вазорат ҷавони гумонбарро дастгир кардаанд.

Тафтишоти қазия идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0