ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Ширкати чинии Power China то соли 2020 дар Тоҷикистон 3 мактаб бунёд хоҳад кард.
Арзиши умумии лоиҳа 3,5 миллион долларро ташкил дода, мактабҳо барои қабули бештар аз 2 ҳазор талаба тарҳрезӣ шудаанд.
"Дар бораи бунёди се мактаб дар Бохтар, Левакант ва Данғара шартнома бастем. Феълан, ширкати чинӣ тарҳҳои ин иншоотҳоро меомӯзад. Фикр мекунам, мактабҳо аллакай то соли оянда бунёд мешаванд", - гуфтааст вазири маориф Нуриддин Саид.
Ба гуфтаи вазир, феълан лоиҳаи сохтмони мактабҳо дар се шаҳру ноҳияи вилояти Хатлонро ширкати Power China меомӯзад.
Ҷониби Тоҷикистон бо Чин тартиботи ворид намудани бархе аз масолеҳи сохтмониро аз Чин ба Тоҷикистон баррасӣ мекунад.
"Мо мохоҳем пешниҳод кунем, ки маҳсулоти аз Чин барои сохтмон воридшаванда аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз озод карда шаванд. Ширкати чинӣ семент, арматура, мизу курсиҳои мактабҳоро аз Тоҷикистон мехарад", - иттилоъ додааст вазир.
Ёдрас мешавем, Русия низ бо Тоҷикистон дар бораи бунёди 5 мактаб шартнома бастааст. Интизор меравад, мактабҳо то таҷлили 30-солагии Тоҷикистон сохта ба истифода дода мешаванд.