ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik.Тибқи иттилоияи расмӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани барфи тар дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 23-28 ва рӯзона 9-14 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 7-12 дараҷа сардӣ дар назар аст.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш буда, дар водиҳо шабона -1+4 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -2+3 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба -1+4 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш, шабона -1+1 ва рӯзона 10- 12 дараҷа гарм дар назар аст.