ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Нахуствазир Қоҳир Расулзода аз марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе-1 ва Душанбе-2 боздид кард ва аз рафти корҳои омодагӣ ба зимистон ошно шуд, иттилоъ додааст хабаргузории "Ховар".
Бино ба иттилои манбаъ, нахуствазир дар маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1 аз ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозии дастгоҳу иншооти ин Марказ ошно шуда, дастур дод, ки барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла, барқарорсозии дастгоҳу таҷҳизоти азкормонда тадбирҳои ҷиддӣ андешида шавад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар иншооти мазкур дар ҳоли ҳозир барои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 корҳои таъмиру барқарорсозӣ идома доранд.
Дар идома нахуствазир бо корҳои омодагӣ дар Дегхонаи ғарбӣ, шоҳқубурҳои магистралӣ ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 низ шинос шуд.
Сипас дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ҷаласаи ситоди сайёри корӣ таҳти роҳбарии Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон баргузор шуд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки дар ҷаласа масъалаҳои асосии омодагиҳои ҳамаҷониба ба давраи тарамоҳу зимистони дарпешистода баррасӣ шуд. Масъулин барои бе мушкилот гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 вазифадор гардиданд.