Дар Тоҷикистон 19 ҳазор бино ба баҳрабардорӣ мерасанд

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешПамятник Абуали ибн Сина на новом месте
Памятник Абуали ибн Сина на новом месте - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
То 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатӣ, бунёд ва ба истифодадиҳии 19 ҳазор биноҳои сатҳи гуногун дар назар аст, ки аз он 250-тояш дар шаҳри Душанбе сохта мешаванд

ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik.  Ба ифтихори 30-юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон 19 ҳазор сохтумонҳои навъҳои гуногун ба баҳрабардорӣ мерасанд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА. 

Намуди умумии майдончаи варзишӣ, ки Кумитаи меъмории Тоҷикистон пешниҳод кардааст - Sputnik Тоҷикистон
Тағйири Кодекси шаҳрсозӣ: соҳибкорон дар сохтмон фаъолтар мешаванд

Бино ба иттилоъи кумитаи меъморӣ ва сохтумони Тоҷикистон, бунёди ва ба истифодадиҳии сохтмонҳо то сентябри соли 2021, яъне ҷашни 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон поён хоҳанд ёфт.

Манбаъ илова кардааст, ки дар аввал сохтусози 15 ҳазор сохтмон барномарезӣ шуда буд, вале бо арзаҳои нави ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ ин шумор ба 19 ҳазор расидааст.

Гуфта мешавад, дар шаҳри Душанбе давоми се сол беш аз 250 сохтмони гуногун ба баҳрабардорӣ мерасанд ва даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ бунёд мегарданд.

 

Лентаи хабарҳо
0