ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Додгоҳи Ироқ 5 зани тоҷикро бо ҷурми аъзои гуруҳи ДОИШ будан, ба ҳабси абад кашидааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.
Занҳои ба ҳабси абад кашида шуда дар Ироқ сокинони шаҳри Исфараи вилояти Суғд ва ноҳияҳои Фархору Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон мебошанд.
Ба гуфтаи дипломати тоҷик, ҳукми додгоҳ нисбати Қурбонова Садорат, Маҷидова Мафтуна, Алиева Гулрухсор, Сайфуллоева Гулбаҳор ва духтараш Қурбонова Маҳфуза рӯзи пайшанбе бароварда шудаасст.
Дар толори додгоҳ намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Ироқ иштирок доштаанд.
Аз сабаби набудани тарҷумон додгоҳ ҳукмашро нисбати Ҷаборова Мақсуда, ки сокини шаҳри Панҷакент будааст, мавқуф гузоштааст. Аз Мақсуда ду фарзанд боқӣ мемонанд.
Ба маълумоти расмӣ дар Ироқ 43 зани Тоҷик ба муҳлатҳои гуногун (аз 16 сол то ҳабси абад) бо ҷурми иштирок дар амалҳои террористӣ ҳабс шудаанд.
Чанде пеш ҳукумати Тоҷикистон таъкид карда буданд, ки қисмати зиёди занҳои сафаркардаи тоҷик бо даъвати шавҳарони худ ба Ироқу Сурия рафтаанд. Ба маълумоти расмӣ зиёда аз 400 зану кудаки тоҷик дар кишварҳои шарқи наздик қарор доранд.
Баъди озодшавии шаҳрҳои Ироқу Сурия аз иҳотаи террористон, занҳо ва кудакон ба зиндонҳои Ироқ ва лагерҳои СММ дар Сурия қарор гирифтанд. Дар ҳаракатҳои низоми аз тарафи гуруҳи ДОИШ 1900 шаҳрванди Тоҷикистон иштирок кардаанд, ки тақдири бисёри онҳо то ҳол номаълум аст.