ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Мақомоти амниятии Туркия 10 шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвият дар ДОИШ ва ширкат дар даргириҳои Сурия ва Ироқ боздошт карданд.
Мақомоти Туркия алайҳи чор нафари онҳо, ки дар ҳоли ҳозир дар зиндони шаҳри Измир нигаҳдорӣ мешаванд, ба иттиҳоми иқдомоти теруристӣ парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Як зан бо 5 фарзандаш низ, ки ҳамсари яке аз ин боздоштшудагон маҳсуб мешавад, дар шаҳри Истанбул дар як паноҳгоҳ қарор дорад.
Туркия ин афродро дар ҳоле боздошт кард, ки гурӯҳи теруристии ДОИШ дар Сурия ва Ироқ манотиқи таҳти тасарруфашонро тақрибан аз даст додаанд ва бар асоси бархе иттилоот, пас аз суқути Дайру-з-Зур аъзои ин гурӯҳ дар биёбонҳо пароканда шудаанд.
Пештар хабар дода шуд, ки як тоҷики зиндонӣ дар Русия барои ифротгароӣ 7 соли дигар ба ҳабс андохта шуд.
Ин марди тоҷик аз моҳҳои январ то марти соли гузашта, ҳангоми адои ҷазо дар яке аз маҳбасҳои Русия зиндониёни дигарро ба сафи гурӯҳи теруристии ДОИШ даъват кардааст.
Гуфта мешавад, ин марди тоҷикистонӣ ба ҳамбандияш маслиҳат додааст, ки ба Сурия рафта пас аз гирифтани таҷрибаи низомӣ дар сарнагун кардани ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Сурия ширкат кунад ва пас аз баргаштан амали теруристиашро дар Русия идома диҳад.
Додгоҳ далоили пешниҳодкардаи бозҷӯёнро баррасӣ карда қарор баровардааст, ки ҷурми ин шаҳрванди Тоҷикистон пурра собит шуда ва бар муддати зиндонияш 7 соли дигар афзудааст.