ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. То ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов корхонаи нави ресандагӣ “Органик-ян” бунёд мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.
Бино бар иттилои манбаъ, роҳбарияти корхонаи нав, тасмим гирифтааст, ки соли равон корхонаи ресандагии нави “Органик-ян”-ро мавриди истифода қарор диҳад.
Айни замон корҳои сохтмонии корхонаи мазкур идома дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани ҶДММ “Органик-ян” даҳҳо нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.
Тибқи лоиҳа корхонаи ресандагии нави “Органик-ян” метавонад дар як сол то 15 000 тонна нахи пахтаро коркард намояд.