ДУШАНБЕ, 01 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Ҳизби либерал – демократи Русия – “ЛДПР”, Владимир Жириновский, дар мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз зарурати таҳияи лоиҳаи қонуне суҳбат кардааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия, монанди шаҳрвандони Белорусия аз мақоми махсус бархӯрдор хоҳад кард.
Дар сурати қабули чунин санад ба гуфтаи Жириновский ҳеч корманди пулис бидуни сабаби ҷиддӣ ҳаққи нигоҳ доштани шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия надорад. Ӯ таъкид намуд, ки тоҷикистониён дар Русия худро дар Ватани дуюм эҳсос хоҳанд кард.
Жириновский дар пайи ин мулоқот инчунин аз дархостҳои Тоҷикистон суҳбат кардааст.
“Аз мо хоҳиш доранд, ки дар Тоҷикистон омӯзгорони бештари рус фаъолият кунанд, кӯмак мекунем. Инчунин бояд дар қонунӣ гардондани ҳузури бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кӯмак кунем. Ин ба нафъи ҳар ду кишвар мебошад. Тоҷикистону Русия бояд наздиктар шаванд”, - иттилоъ додааст котиботи “ЛДПР” аз қавли Жириновский.
Жириновский инчунин зарур хондааст, ки ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон бояд пурзӯр карда шавад. Вай изҳори боварӣ намудааст, ки Тоҷикистон ҳамеша ором хоҳад монд ва ҳеч гоҳ даргириҳои амсоли Афғонистон дар ин ҷо рух нахоҳанд дод. Раиси "ЛДПР" илова намудааст, ки шахсан ба роҳбарияти "ФСБ" муроҷиат хоҳад кард, то дар ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон кӯмак кунад.
Ӯ инчунин изҳор доштааст, ки мухолифи роҳандозии низоми раводид миёни ду кишвар мебошад ва зарур хондааст, ки рафтуомади шаҳрвандон бемонеа сурат гирад. Жириновский хостори ҳаракати ҳаррӯзаи қатор миёни Тоҷикистону Русия шудааст.
Раиси “ЛДПР” инчунин раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро яке аз роҳбарони соҳибэҳтиром дар қаламрави ИДМ хонда, таъкид намудааст, ки имконоти молии Русия ва захираҳои бойи табии Тоҷикистон бояд якҷоя карда шаванд, ки ин ба нафъи ҳар ду кишвар мебошад.
Ӯ дар мавриди пешниҳоди қаблияш барои ташкили ҳавзаи федералии Осиёи Марказӣ дар ҳайати Русия, изҳор дошт, ки ҳамоно ҷонибдори чунин сохторе аст, ки монанди Иттиҳоди Аврупо бошад ва пайвастшавии кишварҳо ба он ихтиёрӣ сурат хоҳад гирифт.
Жириновский зимни сафараш ба Тоҷикистон инчуни аз корхонаи алюминий, “ТАЛКО” ва токзорҳо боздид карда, меҳмоннавозию меҳнатдӯстии тоҷикистониёнро махсусан таъкид карда буд.
Жириновский бо баёни ҳаяҷонаш аз меҳнатдӯстӣ ва меҳмоннавозӣ дар Тоҷикистон таъкид намуд, ки ӯ ин ҷоро бо эҳсоси гармӣ дар қалб тарк мекунад.
Ӯ таъкид намуд, ки баъди бозгашт ба Маскав талош хоҳад кард, ки муносиботи Тоҷикистону Русияро боз ҳам беҳтар кунад, хабар додааст дафтари матбуоти “ЛДПР”.