ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, роҳбарияти “Таҷеро” ба идораи милисаи ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат карда, арз доштааст, ки як соҳибкори қаблан судшуда маблағи ширкатро намедиҳад.
Ба иттилои ВУД, раёсати “Таҷеро” изҳор доштааст, ки моҳи декабри 2018, соҳибкори 31-сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ки пеш барои қаллобӣ суд шудааст, ба боварии ширкат даромада, маҳсулоти хӯроквориро ба маблағи 216075 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағро барнагардондааст.
ВУД афзуд, ки ҳамчунин марди 57-сола, сокини пойтахт муроҷиат кардааст, ки соли 2004 марди 65-солаи сокини кӯчаи Қазоқон бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 50 000 доллар гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Манбаъ таъкид кард, ки феълан аз рӯи ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.