Ҳаққи шикори Марко Поло - 80 000 сомонӣ, бузи сибирӣ – 45 000 ва нахчир – 5 000 сомонӣ

CC BY-SA 2.0 / sunriseOdyssey / Архары на дороге. Архивное фото
Архары на дороге. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳифзи табиати Тоҷикистон ҳаққи шикор як сар гӯсфанди кӯҳии Марко Полоро 80 ҳазор сомонӣ, бузи кӯҳии сибирӣ 45 ҳазор сомонӣ ва нахчирро зиёда аз 5 ҳазор сомонӣ муқаррар кардааст

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Дар ин бора Амриддин Қуботбеков, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб иттилоъ дода, афзуд, ки феълан саршумори гӯсфандони Марко Поло дар кишвар то ба 26 ҳазор сар афзоиш ёфтааст.

Доллары, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Соли 2018 дар Тоҷикистон кӣ чӣ қадар аз хориҷа грант гирифт?

Қуботбеков мегӯяд, солҳои 90-уми асри гузашта сербарфию гуруснагӣ аз як сӯ ва таъқиби пайвастаи шикорчиён аз сӯи дигар, гӯсфандонро маҷбур сохт, ки ба Афғонистону Қирғизистон ва ё Чин паноҳ бубаранд. Ӯ ба хабаргузории “Ховар” гуфтааст, дар ин давра шумораашон то ба 12 ҳазор сар коҳиш ёфт.

Мақомдори ҳифзи муҳити зисти Мурғоб афзудааст, ки феълан 10 нозири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия фаъолияти 7 хоҷагии шикорӣ ва шикорчиёни ғайриқонуниро назорат мекунанд.

“Давоми се соли охир шумораи гӯсфандони кӯҳӣ ҳазор сар афзоиш ёфта, ҳоло шумораашон  то ба 26 ҳазор сар расидааст. Мавсими шикор аз моҳи сентябр оғоз ёфта, моҳи март ба итмом мерасад”, - иттилоъ додааст Қуботбеков.

Манбаъ афзудааст, ки гӯсфанди кӯҳии Марко Поло диққати сайёҳони хориҷиро зиёд ба худ ҷалб менамояд ва сайёҳон аз Амрикою Аврупо на танҳо барои шикор, балки бо мақсади боре  дидани он ба Тоҷикистон сафар мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0