Падари 3 писар, забондон, собиқ корманди телевизион: сафири нави ИМА дар Тоҷикистон кист?

Обуна шудан
Ҷон Марк Поммершайм, сафири нави ИМА дар Тоҷикистон таъин шудааст

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Тибқи иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Поммершайм ба мақоми сафир 7 январ таъин гардида, ба зудӣ ба Тоҷикистон меояд.

Бори аввал дар Амрико ду зани мусалмон узви Конгресс шуданд - Sputnik Тоҷикистон
Нахустин занони мусалмон дар Конгресс ва узви ҷавонтарини маҷлис дар торихи ИМА (АКС)

Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, моҳи сентябри соли 2018 номзадии Ҷон Марк Поммершаймро ба мақоми сафири ИМА дар Тоҷикистон пешниҳод карда буд.

Ӯ  солҳои 2015 - 2018 дар мақоми ноиби роҳбари намояндагӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон  кор кардааст. Аз ин пештар дар мақоми мудири бахши Қафқоз ва мухолифатҳои минтақавӣ дар Бюрои Аврупо ва Авруосиёи Департаменти давлатии ИМА кор кардааст. Ӯ масъули муносиботи ИМА бо Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон будааст.

Поммершайм тайи собиқаи дипломатияш дар мақомҳои гуногун дар Вашингтон, инчунин дар шуъбаи сиёсии сафоратҳои ИМА дар Ҷопон, Чин, Белорус ва Олмон кор кардааст. Ӯ ҳамчунин дар мақоми консули генералии ИМА дар Владивостоки Русия фаъолият доштааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамдардӣ ва ваъдаи Раҳмон ба роҳбарони ИМА, Швейтсария ва Нидерландия барои фоҷиаи сайёҳон

Ба иттилои Кохи сафед, Ҷон Марк, хатмкардаи Донишгоҳи Бакнел буда, забони русиро дар донишкадаи давлатии забони русии Пушкин омӯхтааст.

Кохи сафед қаблан Поммершаймро соҳиби 10 ҷоиза муаррифӣ карда, изҳор дошта буд, ки Ҷон Марк донандаи забонҳои русӣ, олмонӣ, ҷопонӣ ва чинӣ мебошад.

Тибқи иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Поммершайм то фаъолияти дипломатияш корманди телевизиони CNN дар Маскав буда, бо ожонсҳои хабарии Гурҷистону Узбакистон ҳамкорӣ кардааст.  Поммершайм зодаи Питтсбург, иёлати  Пенсилвания буда, унвони илмӣ аз донишгоҳҳои Бакнел ва Колумбияро дорад. Ӯ бо Наталя Поммершайм хонадор буда, соҳиби се писар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0