Шумораи миллиардерҳои ҷаҳон давоми 10 соли охир ду маротиба афзудааст

CC0 / Pixabay / Дорогие наручные часы, архивное фото
Дорогие наручные часы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи ҳисоботи ширкати Oxfam, дороии 26 миллиардери дунё ба дороии боқимондаи 3,8 миллиард аҳолии кураи замин баробар аст

ДУШАНБЕ, 21 янв - Sputnik. Давоми даҳ соли охир шумораи миллиардерҳои ҷаҳон ду баробар афзуда, то ба 2208 нафар расидааст, маълумот додааст ширкати байналмилалии гуманитарӣ-хайриявии Oxfam.

Маърӯзаи “Хайриёти ҷамъиятӣ ва ё бойгарии шахсӣ” дар арафаи Форуми иқтисодии ҷаҳон, ки дар Давос аз 22 то 25-уми январ баргузор мегардад, пешниҳод шудааст.

Мувофиқи омори пешниҳодшуда, дурӣ миёни ашхоси бой ва камбағал рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст. Давоми соли охир дороии миллиардерҳо ба 12 фоиз афзуда, то ба 900 миллиард доллар, расидааст. Дар ин ҳол дорои миллиардерҳо дар як рӯз 2,5 миллиард зиёд мешудааст, инчунин дар ҳар ду рӯз як бой пайдо мешудааст.

Алишер Усманов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Алишер Усмонов: "олигарх" нестам, дар Русия танҳо як “олигарх” мондаст

Дар ин ҳол дороии ҳамагӣ 26 бойтарини дунё баробар ба дороии 3,8 миллиард нафар аз аҳолии курраи замин аст, ки камбағалона зиндагӣ мекунанд. Дар соли 2017 вазъи аҳолии камбағали рӯи замин – 3,7 миллиард одам – баробар ба дороии 43 миллиардер буд.

Тасдиқ шудааст, ки давоми соли гузашта дороии қишри камбағали аҳолӣ ба 11 дар сад поён рафтааст.  

“Маърӯза нишон додааст, ки фосила миёни бойю камбағал сади роҳи мубориза бо камбизоатӣ гардида ба иқтисодиёти дунё зарар мерасонад. Кишварҳо ба хизматрасониҳои ҷамъиятӣ, ба монанди ҳифзи саломатӣ ва таҳсили ройгон маблағгузорӣ накарда хашми аҳолиро дучанд мекунанд”, - қайд кардааст Oxfam.

Дар санади пешниҳод шуда ишора шудааст, ки новобаста аз андозбандиҳои гуногун ҳукуматҳои кишварҳо наметавонанд сади роҳи  корпоратсия ва миллиардерҳо шаванд. Ғайр аз ин дар иттилоия қайд шудааст, ки аз зиёдшавии нобаробариҳо миёни аҳолӣ занон ва духтарон ҷабри зиёдтар мекашанд.

“Одамон дар ҳама кишварҳои дунё хашмгинтар шуда истодаанд. Ҳукуматҳо бояд тағйироте ба миён оранд, то ки корпоратсияҳо ва ашхоси бой андози зиёдтар супурда ба табобат ва таҳсили ройгон барои ҷомеа сармоягузорӣ кунанд”, - илова шудааст дар санади Oxfam.

 

Лентаи хабарҳо
0