ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Алишер Усмонов мегӯяд, “олигарх” шахсест, ки тиҷораташро аз Ҳукумат гирифтааст.
“Ман худи калимаи “олигарх”-ро таҳаммул карда наметавонам. “Олигарх” нафарест, ки ҳама чизро муфт гирифтааст. Ман ҳеч гоҳ ба ин гуруҳ шомил набудам ва нестам”, - изҳор доштааст Усмонов зимни суҳбат дар шабакаи телевизионии “Россия-1”.
Ӯ афзудааст, ки феълан дар Русия танҳо як “олигарх” боқӣ мондааст.
“Ман бар инам, ки дар қатори “олигарх”-ҳо танҳо як савора боқӣ мондааст. Қатор холист, танҳо як нафар то ҳол дар он равон аст... Олигархи дигар нест”, - таъкид намудааст милёрддор.
Усмонов “охирин олигарх”-и Русияро ном набурд, танҳо изҳор дошт, ки феълан ба ин нафар як ширкат тааллуқ дорад.
Маҷаллаи Forbes, Алишер Усмонов, раиси ширкати "Металлоинвест"-ро дар зинаи даҳуми доротарин афроди Русия қарор додааст. Дороии ӯ дар соли 2018 ба 2,7 милёрд коҳиш ёфта, ба 12,5 милёрд баробар шудааст.
Усмонов калонтарин “бенефитсиар” – судбарандаи “USM Holdings” мебошад, ки ширкатҳои "Металлоинвест", "Мегафон" ва як ҳиссаи “Mail.Ru Group”-ро дар ихтиёр дорад.
Моҳи январи соли ҷорӣ Вазорати молияи ИМА дар “гузориши кремлӣ” Алишер Усмоновро аз ҷумлаи “олигарх”-ҳои наздик ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ном бурдаст.