Ҳукумат ба корхонаи қаннодии “Амирӣ” 23 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад

© Сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузории ҶТИмзои созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва корхонаи "Амирӣ"
Имзои созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва корхонаи Амирӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Фабрикаи қаннодии Амирӣ ба маблағи беш аз 23 миллион доллари амрикоӣ имзо шуд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, лоиҳа аз се марҳила иборат мебошад.

Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Гарон, куҳна, камёфт: вакил дар Суғд паёми раисиҷумҳурро гуфту гилаи сокинонро шунид

Дар марҳилаи аввал иқтидори истеҳсолии коргоҳи мавҷуда ва бунёдшаванда ба на камтар аз 27 ҳазор тонна маҳсулоти қаннодӣ дар як сол расонида хоҳад шуд.

“Марҳилаи дуюми лоиҳа бунёди корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти хокаи нишоста ва шираи онро ба иқтидори на камтар аз 8 ҳазор тонна дар як сол дар бар мегирад”, - афзуд Кумита.

Манбаъ таъкид кард, ки дар марҳилаи сеюм бунёди корхонаи нави истеҳсоли орд ва маҳсулоти ордӣ бо иқтидори на камтар аз ҳазор тонна дар як сол дар назар аст.

 

Лентаи хабарҳо
0