Гарон, куҳна, камёфт: вакил дар Суғд паёми раисиҷумҳурро гуфту гилаи сокинонро шунид

© Sputnik / Амир ИсаевПарламентские выборы в Таджикистане
Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нурулло Оқилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Мастчоҳ”, мегӯяд, мардумсолорӣ асоси сиёсати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон буда, худи ӯ намунаи поквиҷдонӣ, меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносӣ барои шаҳрвандон мебошад

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Нурулло Оқилзода ин нуктаро дар мулоқот бо сокинони хоҷагии “Сомониён” ва маҳаллаҳои деҳоти “Мастчоҳ” баён доштааст.

Алексей Гайдуков, лекции для мигрантов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вакилони парлумон дар бозору сохтмонҳои Маскав бо муҳоҷирони тоҷик ҳамсӯҳбат шуданд

Тибқи иттилои нашрияи парлумонии “Садои мардум”, вакил дар баробари шарҳи моҳияти сиёсати роҳбари давлат,  рисолати Маҷлиси намояндагон ва дигар масоили мубрам дарди дили мардуми маҳаллиро шунидааст.

Мардум зимни вохӯриҳо бо вакил, ки дар дурдасттарин деҳоти ноҳия — Азизобод, Оббурдон ва Палдорак  баргузор шуданд, аз гарон будани нархи шиносномаҳои хориҷии Тоҷикистон гила кардаанд.

Интихобкунандагон ба Нурулло Оқилзода инчунин аз гаронии ҳаққи истифодаи оби полезӣ ва  норасоии оби ошомиданӣ дарди дил карда, фарсуда шудани симчӯбҳои интиқолдиҳандаи неруи барқро ёдрас кардаанд.

Здание парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Вакилони парлумон барои шарҳи паёми Эмомалӣ Раҳмон ба назди мардум мераванд

Мардум аз вакилашон хостаанд, барои аз гурӯҳи шартномавӣ ба гурӯҳи буҷавӣ гузаронидани духтарони деҳотӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил мекунанд, сохтмони варзишгоҳи МТМУ №10, компютеркунонии мактабҳо, таъмиру азнавсозии боғчаҳо, зарурати таъсиси нуқтаи сӯхторхомӯшкунӣ дар деҳот, бунёди марказҳои ҳунаромӯзӣ, таъмири пойгоҳҳои обкашӣ ва норасоии оби ошомиданӣ мусоидат кунад.

Шикояти сокинон дар ҳоле сурат мегирад, ки вакилони парлумон нимаи аввали моҳи январ барои шарҳи паёми раисиҷумҳури Тоҷикистон ба навоҳии кишвар ба мулоқот бо мардум рафтанд.

Лентаи хабарҳо
0