Шӯрои СПАД масъалаи пурзур намудани марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ кард

© Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкСовместное заседание СМИД, СМО и СБ ОДКБ в Астане
Совместное заседание СМИД, СМО и СБ ОДКБ в Астане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 15 январи соли ҷаласаи Шӯрои доимамалкунандаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор шуд, ки дар он дабири кулли ин Созмон Валерий Семериков иштирок намуд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар Шӯрои доимамалкунандаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) масъалаи таҳияи барномаи пурзур намудани марзи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ намуд, иттилоъ додааст сомонаи расмии СПАД.

Абдурахим Каххоров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қаҳҳоров ба мақомдорони СПАД ваъдаҳояшон ба Тоҷикистонро хотиррасон кард

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур қарор қабул карда шуд, ки лоиҳаи барномаи мазкур барои тасвиби байнидавлатӣ равон карда шавад”, - таъкид кардааст манбаъ.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар рафти ҷаласаи мазкур инчунин лоиҳаи Эъломия “Дар бораи ташкили фазои ягонаи амниятӣ” баррасӣ шуд.

Манбаъ қайд намудааст, ки санади мазкур дар ҷаласаҳои баъдӣ баррасӣ хоҳанд шуд.  

Ёдрас мешавем, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ – СААД, аз афзоиши гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва вазъи мураккаби сиёсию ҳарбӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард.

Исполняющий обязанности генсека ОДКБ Валерий Семериков - Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷират-таҳти назорат: баррасии муҳоҷират дар кишварҳои узви СПАД

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зикри қарори қаблии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ “Дар бораи расонидани кумак ба Тоҷикистон барои таҳкими марз бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон” афзудааст, ки таҳияи лоиҳаи “Барномаи мақсадноки байнидавлатии таҳкими сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон” вусъат бахшида шавад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки алайҳи зуҳуроти номатлуби аср, бахусус терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккилу фаромилӣ низ бояд муборизаи муштарак бурда шавад.

Лентаи хабарҳо
0