ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар қаламрави кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ҷараёнҳои назарраси муҳоҷират вуҷуд дорад, аммо дар кулл вазъи умумии он мӯътадил асту таҳти назорат қарор дорад, иттилоъ дод муовини дабири кулли СПАД Валерий Семериков.
Дар ин бора вай рӯзи панҷшанбе дар Алмаато, ҳангоми баромадаш дар ҷаласаи 21-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии СПАД, қайд намуд.
"Дар айни замон, вазъи муҳоҷират дар давлатҳои ҳамҷавор (узви СПАД) устувор ва таҳти назорат аст. Вале новобаста аз ин, бояд зикр кард, ки дар паҳнои фаъолияти СПАД ҷараёнҳои назарраси муҳоҷират, аз ҷумла муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз кишварҳои Ҷанубу Шарқии Осиё, минтақаи Осиёву ҳавзаи Уқёнуси Ором, Шарқи Дуру Миёна дида мешаванд", — шарҳ дод вай.
Пештар иттилоъ дода шуд, ки Владимир Путин ҳимояи марзҳои Русия аз террористон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддирро, аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи давлат номид.
"Пеш аз ҳама зарур аст, ки усулҳои маҷмаавӣ дар хунсо кардани хатарот ва таҳдидҳои марбут ба амнияти марзӣ, истифода шаванд", — иброз дошт сарвари Русия дар ҷаласаи Шӯрои амният.
Ҳамчунин зарур аст, ки ба кишварҳои узви СПАД, СҲШ ва ИИАО шаклҳои нави ҳамкорӣ дар ҷодаи таъминоти амнияти марзҳо пешниҳод карда шавад, аз ҷумла мубодилаи иттилоот ва амалиёти муштарак, гуфт Путин.
"Муҳимм аст, ки ҳамкориҳои мутаносиб ва ҳамаҷонибаи ҳамвору васеъи сохторҳои марзиро ба роҳ монда, шаклҳои нави шарикиро, пеш аз ҳама ба ҳамкасбони мо аз созмонҳои СПАД, СҲШ ва Иттиҳоди Авруосиё, пешниҳод намуд", — тавзеҳ дод Владимир Путин.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки кишварҳои узви СПАД оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, созишномае омода кардаанд. Эҳтимол аст, ки ин қонун соли ҷорӣ қабул шавад, хабар дод Валерий Семериков.
Тибқи гуфти ӯ, шурӯъ аз соли 2006 дар доираи амалиёти "Нелегал"-и кишварҳои узви СПАД, зиёда аз 3 ҳазор нафар, ки дар рӯйхати ҷустуҷӯи байналмиллалӣ қарор доштанд, дастгир шудаанд.