ВУД Тоҷикистон: дар Панҷакент мошиндузд дастгир шуд

© PixabayУгон автомобиля, архивное фото
Угон автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милитсия шаҳри Панҷакент марди 33-солаи сокини деҳаи Санги кабуди шаҳри мазкурро барои рабудани мошини тамғаи “ДЭУ-Матиз” дастгир шуд

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Кормандони милитсия шаҳри Панҷакент марди 33-соларо барои рабудани мошин дастгир намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бонувони мошиндузд “Опел”-ро дӯст доштаанд

Бино бар иттилои манбаъ, ахиран ба ШВКД дар шаҳри Панҷакент марди 73-солаи сокини кӯчаи Сӯзангарони ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки шаби 12 ба 13-уми январи соли равон, тахминан соати 03:00-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳавлии истиқоматиаш автомашинаи шахсиаш тамғаи “ДЭУ-Матиз”-ро ғайриқонунӣ ронда бурдааст. 

Тавре манбаъ хабар додааст, дар натиҷаи кормандони милитсия автомашинаи мазкурро дар деҳаи Санги кабуди шаҳри Панҷакент дарёфт намуда, бо гумони ғайриқонунӣ ронда бурдани мошин марди 33-солаи сокини кӯчаи Сузангарон дастгир карда шуд.

командони милитсия нисбати номбурда парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 252 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишотро идома доранд.

 

Лентаи хабарҳо
0