Дар соли гузашта КҲФ Тоҷикистон 150 нафарро наҷот дод

© КЧС ТаджикистанаСотрудники КЧС спасли водителя
Сотрудники КЧС спасли водителя - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар соли 2018 ба беш аз 600 нафари осебдидагони офатҳои табиӣ кумак расонданд

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар соли 2018 наздик ба 15 нафарро наҷот додаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумита.

Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ шарҳ дод, ки чаро дар Тоҷикистон хатари фаромадани тарма пеш омадааст

Инчунин, кормандони Кумита дар соли қабли ба беш аз 600 нафар осебдидагони офатҳои табиӣ кумак намуда 200 нафари дигарро ба ҷойҳои амни ҷумҳурӣ куч доданд.

Бо таҷҳизоти махсуси КҲФ ба 24 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, ки аз офатҳои табиӣ осеб диданд масолеҳи сохтмонӣ расонида шуд. Дар соли гузашта як ҳазору 136 қитъаи осебпазир ба қайд гирифта шудааст.

Ёдрас мешавем, ки КҲФ Тоҷикистон тасмим гирифтааст,  мутахассисонашро ба Русия барои такмили ихтисос равон намояд.

Иқдоми мазкур метавонад рушди ҳамкориҳои мутақобил миёни наҷотдиҳандагони Тоҷикистону Русияро фаротар намояд.  

Лентаи хабарҳо
0