КҲФ шарҳ дод, ки чаро дар Тоҷикистон хатари фаромадани тарма пеш омадааст

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузариш ба медиабонкДорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо сабаби боришоти шабонарӯзии охир ҳоло дар минтақаҳои кӯҳии кишвар хатари фаромадани тарма ва резиши санг баланд буда, эҳтимолияти рух додани садамаҳои нақлиётӣ низ меафзояд

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар мусоҳиба бо хабаргузории "Ховар" тавзеҳ додааст, ки чаро дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон хатари фаромадани тарма пеш омадааст.

Кумита инро ба боришоти зиёд дар рӯзҳои ахир рабт медиҳад.

"Бо сабаби боришоти шабонарӯзии охир ҳоло дар минтақаҳои кӯҳии кишвар хатари фаромадани тарма ва резиши санг баланд буда, эҳтимолияти рух додани садамаҳои нақлиётӣ низ меафзояд. Тибқи маълумот, дар натиҷаи боришоти барфи зиёд ҳаракат дар роҳҳои мошингарди кӯҳӣ мушкил ва хатарнок боқӣ мемонад", - гуфтааст намояндаи кумита.

Тамоми шоҳроҳҳо кушода мебошанд ва зери назорати хадамоти марбута қарор доранд. Дар мавзеъҳои осебпазир барои таъмини бехатарии ронандагон ва расонидани кумакҳои фаврӣ  навбатдории шабонарӯзии гурӯҳҳои фаврии наҷотдиҳандагони КҲФ идома дорад, афзудааст вай.

Кумита аз сокинони Тоҷикистон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми ҳаракат тариқи роҳҳои кӯҳӣ тамоми қоидаҳои қабулшударо риоя намоянд. Пеш аз баромадан ба сафар бори дигар воситаҳои нақлиёти худро аз муоина гузаронанд.

"Ҳоло ки дар аксар минтақаҳои кишвар боридани барф ба мушоҳида мерасад, эҳтиёҷоти аҳолӣ барои гарм намудани хонаҳои истиқоматӣ хеле зиёд мегардад. Бинобар ин барои пешгирии ҳолатҳои сӯхтор аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки аз истифодаи воситаҳои гармидиҳии худсоз худдорӣ кунанд ва пеш аз ҳама, кӯдакони худро дар хона танҳо нагузоранд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0